Футболбозони тоҷик дастаи Муғулистонро ҳам мағлуб карданд

Date:

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи “F” футболбозони тоҷик дар шаҳри Улан-Батор соҳибони майдон – дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд.

Тӯби ягонаро дар дақиқаи 81-уми бозӣ футболбози тоҷик Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонид.

Дар дақиқаи 85-ум футболбози дастаи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов корти сурх гирифта, аз майдон берун шуд. Футболбозони дигари тоҷик Парвиз Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед Бекназаров ва Амирбек Ҷӯрабоев корти зард гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали ин мусобиқа дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода буд. Акнун бо касби 6 имтиёз пас аз ду бозӣ Тоҷикистон дар садри ҷадвали “F” қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...