Партовғундорӣ-2! Баргузории боз як иқдоми поксозии Душанбе

«Мо дар ин шаҳр зиндагӣ мекунем ва он бояд аз ахлот пок бошад”, – таҳти ҳамин шиор рӯзи якшанбеи гузашта сокинони пойтахт шанбегӣ барпо карданд. Дар соҳили дарёи Душанбе, қитъаи назди пули хиёбони Саъдии Шерозӣ ёварони ихтиёрӣ беш аз 100 халта партов (асосан шишаҳои плостикӣ) ҷамъ карданд. Дар ин маърака беш аз 70 нафар ширкат варзиданд. […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

«Мо дар ин шаҳр зиндагӣ мекунем ва он бояд аз ахлот пок бошад”, – таҳти ҳамин шиор рӯзи якшанбеи гузашта сокинони пойтахт шанбегӣ барпо карданд.

Дар соҳили дарёи Душанбе, қитъаи назди пули хиёбони Саъдии Шерозӣ ёварони ихтиёрӣ беш аз 100 халта партов (асосан шишаҳои плостикӣ) ҷамъ карданд.

Дар ин маърака беш аз 70 нафар ширкат варзиданд. Миёни онҳо ихтиёриён аз Y-PEER Tajikistan, ширкати Olucha Taxi ва Roof Pub – Dushanbe ҳузур доштанд. Корҳои асосии роҳандозии маърака аз ҷониби Амир Ханма (Амир Исоев) ва Наврӯз Одинаев ба сомон расонида шуд.

Бинобар сабаби ҳоло ҳам дар соҳили дарёи Душанбе мавҷуд будани партови зиёд ва ҳамчунин хоҳиши бисёре аз сокинон ҷиҳати иштирок дар чунин чорабиниҳо, дастандаркорон пешниҳод кардаанд, ки боз як чунин маърака гузаронида шавад.

Ҷамъоварии партов рӯзи шанбеи ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад. Ҷойи ҷамъ шудани ихиёриён: соати 10:00 дар назди пули маҳаллаи 46-ум, ки он ҷо низ хеле партов мавҷуд аст.

Касоне, ки имкони мустақилона омаданро надоранд, ҳамчунин ширкатҳое, ки ба хароҷот (дастпӯшак, бастаҳо (пакетҳо) ва ғайра) кумак карданиянд, метавонанд бо Амир Ханма (918 34 00 43) дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.