Ҳалокати 4 кас дар роҳҳои Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар роҳҳои кишвар  бар асари садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ҳалок шуданд.

Субҳи 21-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Собир Бекматови 25-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Зори Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” таҳти идораи Зувайдулло Бӯрихонови 33-сола, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофирони “Опел-Астра” Бӯрихон Темуров ва ноболиғ Ёсамин Бекматова (соли таваллуд 2019) ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳолиса фавтидаанд.

Ҳар ду ронанда ва се мусофири “Опел-Астра”, аз ҷумла, Шукрона Бекматоваи дусола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Турсунзода Муродалӣ Ҷӯраеви 38-сола аз уҳдаи идораи трактор набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯрабек Асомиддинови 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз дар роҳи мошингарди “Бӯстон – Азизобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Ҳалим Саидзодаи 39-сола идораи воситаи нақлиётиро аз даст дода, ба симчӯби барқ бархӯрда, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...