“Алиф Капитал” дар Тошканд ширкати худро таъсис дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ташкилоти қарзии хурди “Алиф-Капитал”-и Тоҷикистон ширкати молӣ-технологии худро дар Ӯзбекистон боз кард. Он айни замон дар Тошканд кор карда, минбаъд фаъолияташро дар минтақаҳои дигари ҳамсоякишвар низ роҳандозӣ карданист.

ТҚХ “Алиф-Капитал” дар Ӯзбекистон ширкат таъсис додааст, то ки аз тартиби имтиёзноки андозбандӣ дар Маркази иннноватсионии Мирзо-Улуғбек (MUIC) барои ширкатҳои минтақа дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ истифода кунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Алиф-Капитал” дар Тошканд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон “Алиф” дар Тошканд дар соҳаи POS-маблағгузорӣ кор карда, бо истифода аз таъминоти барномавӣ, ҳамчунин мағозаи онлайни alifshop.uz ба мағозаҳои маҳаллии электронӣ ҷиҳати фурӯши маҳсулот бо таъхири муҳлати пардохт шароит фароҳам меорад.

“Ҳозир мо бо ширкати Arena Markaz, ки дорои шабакаи муосири электронист, ҳамкорӣ дошта, минбаъд фурӯши таъминоти барномавиамон ё ба мо фурӯхтани маҳсулотро пешниҳод хоҳем кард. Айни замон “Алиф” дар Ӯзбекистон таҳвилгари таъминоти барномавӣ ва POS-молиягузор аст”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар “Алиф Каритал” бар ин назаранд, ки ширкат ба ҳузури минтақавӣ майл дошта, Ӯзбекистон бо 34 млн. аҳолиаш барои оғози густариши фаъолият дар минтақа майдони хуб аст .

Таъкид шуд, ки Тошканд истеъмолгари бузургтарини ҳамсоякишвар мебошад, аммо вақте дар ширкат эҳсос карданд, ки хизматгузорӣ дар пойтахт хуб шудааст ва пойгоҳашон ба таври кофӣ тақвият ёфтааст, фаъолият ба самтҳои дигари Ӯзбекистон низ равона хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...