Бо 2,5 ҳазор доллар якбора донишҷӯии соли дуюмро ваъда доданд

Декани факултаи иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба гумони қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, декани факултаи иқтисод ва тиҷорати ин донишгоҳ Эмомалӣ Шералиев моҳи сентябри соли равон ба шаҳрванд “А” ваъда додааст, ки ба ивази […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Декани факултаи иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба гумони қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, декани факултаи иқтисод ва тиҷорати ин донишгоҳ Эмомалӣ Шералиев моҳи сентябри соли равон ба шаҳрванд “А” ваъда додааст, ки ба ивази 19 ҳазор сомонӣ ва 600 доллар (ҳамагӣ 2,558 доллар) ӯро якбора ба соли дуюм таҳсил қабул мекунад.

“Декан бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ пулро гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст. Аммо шаҳрванд “А” донишҷӯ нашуда, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард”, – хабар медиҳад Агентӣ.

Нисбат ба Эмомалӣ Шералиев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.