“Алиф Капитал” дар Тошканд ширкати худро таъсис дод

Ташкилоти қарзии хурди “Алиф-Капитал”-и Тоҷикистон ширкати молӣ-технологии худро дар Ӯзбекистон боз кард. Он айни замон дар Тошканд кор карда, минбаъд фаъолияташро дар минтақаҳои дигари ҳамсоякишвар низ роҳандозӣ карданист. ТҚХ “Алиф-Капитал” дар Ӯзбекистон ширкат таъсис додааст, то ки аз тартиби имтиёзноки андозбандӣ дар Маркази иннноватсионии Мирзо-Улуғбек (MUIC) барои ширкатҳои минтақа дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ истифода кунад. Дар […]

Ташкилоти қарзии хурди “Алиф-Капитал”-и Тоҷикистон ширкати молӣ-технологии худро дар Ӯзбекистон боз кард. Он айни замон дар Тошканд кор карда, минбаъд фаъолияташро дар минтақаҳои дигари ҳамсоякишвар низ роҳандозӣ карданист.

ТҚХ “Алиф-Капитал” дар Ӯзбекистон ширкат таъсис додааст, то ки аз тартиби имтиёзноки андозбандӣ дар Маркази иннноватсионии Мирзо-Улуғбек (MUIC) барои ширкатҳои минтақа дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ истифода кунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Алиф-Капитал” дар Тошканд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон “Алиф” дар Тошканд дар соҳаи POS-маблағгузорӣ кор карда, бо истифода аз таъминоти барномавӣ, ҳамчунин мағозаи онлайни alifshop.uz ба мағозаҳои маҳаллии электронӣ ҷиҳати фурӯши маҳсулот бо таъхири муҳлати пардохт шароит фароҳам меорад.

“Ҳозир мо бо ширкати Arena Markaz, ки дорои шабакаи муосири электронист, ҳамкорӣ дошта, минбаъд фурӯши таъминоти барномавиамон ё ба мо фурӯхтани маҳсулотро пешниҳод хоҳем кард. Айни замон “Алиф” дар Ӯзбекистон таҳвилгари таъминоти барномавӣ ва POS-молиягузор аст”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар “Алиф Каритал” бар ин назаранд, ки ширкат ба ҳузури минтақавӣ майл дошта, Ӯзбекистон бо 34 млн. аҳолиаш барои оғози густариши фаъолият дар минтақа майдони хуб аст .

Таъкид шуд, ки Тошканд истеъмолгари бузургтарини ҳамсоякишвар мебошад, аммо вақте дар ширкат эҳсос карданд, ки хизматгузорӣ дар пойтахт хуб шудааст ва пойгоҳашон ба таври кофӣ тақвият ёфтааст, фаъолият ба самтҳои дигари Ӯзбекистон низ равона хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.