Роҳхати футболбозони ҷавони тоҷик ба даври финалии Чемпионати Осиё

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври интихобии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” дар се бозӣ ғалаба ба даст овард. Дар даври хотимавӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Сурия дастболо шуданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 46-ум ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и пойтахт Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонид. Дар ду бозии аввали […]

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври интихобии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” дар се бозӣ ғалаба ба даст овард.

Дар даври хотимавӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Сурия дастболо шуданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 46-ум ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и пойтахт Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонид.

Дар ду бозии аввали ин даври интихобӣ дар гурӯҳи “С” футболбозони ҷавони тоҷик тими Малдивро бо ҳисоби 9:0 ва Лубнонро бо ҳисоби 1:0 мағлeб карданд.

Ҳамин тариқ, бо касби 9 холи имконпазир мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” зинаи аввалро ишғол намуда, ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Боқимонда 14 дастаи иштирокдори Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон дар Ӯзбекистон рӯзи 10-уми ноябр бо анҷоми мусобиқаи даври интихобӣ дар 10 гурӯҳи дигар муайян карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.