Назарпурсии БМТ: Кӣ ва чӣ миқдор пул ба Тоҷикистон мефиристад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зиёда аз 85%-и тоҷикистониён тавассути низоми бонкӣ пулҳои худро ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд. Дар ин бора натиҷаҳои назарсанҷии гузаронидаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он беш аз 2,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Боз 6,3%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки пулҳоро ба воситаи хешу табор, 4,4% – миёнаравҳо, 2,5% – ёру рафиқон, 1,2% – ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва 0,5% тариқи дигар воситаҳо мефиристанд.

Дар ҳамин ҳол 61,7%-и пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки сарчашмаи пулҳои ба Тоҷикистон мефиристодаашон музди кор мебошад.

Боқимонда 38,3% сарчашмаҳои интиқоли пулро тариқи зайл баён доштаанд: 21,4% – ёрии хешовандон, 8,4% – даромад аз моликият, 2% – аз фаъолияти соҳибкорӣ, 1,5% – даромад аз сармоягузорӣ, 1,2% – аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва 3,7% – аз ҳисоби дигар манбаъҳо.

Пулҳои ба Тоҷикистон интиқолёфта асосан барои пардохти маблағи таҳсил, муолиҷа ва харидории доруворӣ харҷ мешаванд.

Зиёда аз 11% гуфтаанд, ки ин пулҳоро барои гузаронидани маъракаҳо, 9,3% – барои харидани манзил ва қитъаи замин (қонунгузории ҶТ хариду фурӯши заминро манъ кардааст, – эзоҳи “Азия-Плюс”) истифода мекардаанд.

Ҳамчунин 7,1% посух додаанд, ки ин маблағҳоро барои бунёди манзил, 4,7% – барои харидани воситаҳои нақлиёт, 3,3% – барои сафари ҳаҷ ва саёҳат, 2,1% – барои соҳибкорӣ, 1,3% – рушди ҳунарҳои мардумӣ ва 1,1% – барои харидории тилло ва маснуоти заргарӣ сарф мекардаанд.

Чанде қабл Бонки милии Тоҷикистон маркази протсесингии интиқоли пулро бе ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ муаррифӣ кард, ки ояндаи наздик ба кор дароварда мешавад.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки таъмини анҷоми ҳарчи зудтар, бехатар ва мунтазами амалиёти интиқоли фаромарзии маблағ ба таври ғайрнақдӣ байни иштирокчиёни он аз афзалиятҳои муҳими кори марказ маҳсуб меёбад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низоми бонкӣ 1 млрд. 159 млн. доллар интиқол додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...