Истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон беш аз 30% афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2% афзуд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли нуқра дар ин давра 36,9% зиёд шудааст.

Дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо саҳми корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ва “Пакрут”, ҳамчунин корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо” ва ҶДММ “Гули Мурод” қайд мешавад.

Металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва корхонаҳои заргарии кишвар мехаранд.

Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати саноат, дар муқоиса бо соли гузашта истеҳсоли тилло соли равон 10% ва нуқра 4,3% зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди навбатӣ гузоштанд: беш аз 6,4 тонна тилло истеҳсол шуд.

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба соли пешин қариб 17% афзуд.

Тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 3 маротиба – аз 2 то 6,4 тонна зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи тилло асосан корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” машғул аст, ки наздики 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо ба ҳиссаи он рост меояд.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд, ки дар қатори КМ “Зарафшон”, бузургтарини онҳо КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...