Самбочии тоҷик қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон шуд

Asia-Plus

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, гуштигири тоҷик Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 74 кило қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар қувваозмоии финалӣ ӯ самбочии Русия Егор Сухопаровро мағлуб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин чемпионат 370 варзишгар аз 28 кишвар: Арманистон, Белорус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 наврас ва 7 ҷавон – бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар ин мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 6 нишон – 1 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.

Миёни ҷавонон ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни то 48 кг ва Сомон Сангов то 52 кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд. Медалҳои биринҷиро варзишгарони тоҷик миёни наврасон ба даст оварданд: Бузургмеҳр Исоев дар вазни то 60 кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни то 70 кг ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни то 87 кг.

“Иштирок дар чемпионате, ки дар он самбочиёни пурқуввати ҷаҳон ширкат меварзанд, хушбахтии бузург аст, – овардааст гуфтаҳои қаҳрамони ҷавонро аз Тоҷикистон сомонаи расмии мусобиқа. – Шарафи кишвари худро ҳимоя карда, умедворам, ки минбаъд дар мусобиқаҳо байни калонсолон низ ба чунин нишондиҳандаҳо ноил шавам”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...