Агентии омор: Килокалория дар ғизои тоҷикистониён кофист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Истеъмоли шабонарӯзӣ барои як узви хонавода дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2617,20 килокалорияро ташкил додааст, ки нисбат ба меъёрҳои тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ андаке зиёд аст. Дар ин хусус дар маҷмӯаи чанде пеш нашршудаи Агентии омори назди президенти Тоҷикистон “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ” маълумот дода мешавад.

Муаллифони маҷмӯа қайд мекунанд, ки меъёри аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсияшуда 2100 килокалория дар як шабонарӯз аст.

Таъкид мешавад, ки нимсолаи аввали соли 2019 истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 узви хонавода 80,4 килоро ташкил додааст, ки барои ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ хос мебошад.

“Умуман, дар нимсолаи аввал истеъмоли картошка ба ҳисоби миёна сари ҳар нафар 21,1 кило, сабзавоту полезиҳо – 52,2, шир ва маҳсулоти ширӣ – 36,8, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 6,6, равғани рустанӣ – 8,2 кило, тухм – 50 дона, қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ – 7,6, мева – 14,7 килоро ташкил кардааст”, – қайд мешавад дар маҷмӯа.

Гуфта мешавад, таносуби бештари хароҷоти хонаводаҳо барои хариди маҳсулоти хӯрокворӣ ба маҳсулоти нонӣ 34,3% рост меояд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо назардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи июни соли 2019 нисбат ба моҳи майи соли 2019 – 10,6% ва нисбат ба моҳи июни соли 2018 бетағйир мондааст.

Ҳиссаи аҳолии дар сатҳи камбизоатӣ қарордошта дар Тоҷикистон аз 29,5% дар соли 2017 то ба 27,4% дар соли 2018 коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, 37,1% аҳолии камбизоат дар вилояти Хатлон, 28,2% дар ноҳияҳои тобеи марказ, 16,7% м дар вилояти Суғд, 9,7% дар Душанбе ва 8,3% дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...