Ба рушди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 168 млн. рубл ҷудо мешавад

Asia-Plus

Русия ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон, вакил аз фраксияи “Единая Россия” Виктор Водолатский ба “Дума ТВ” изҳори назар кардааст.

Вакил гуфтааст, ки ин зинаҳои як низоми таҳсил: мактаб, давраҳои омӯзишии омодагӣ, маркази захиравӣ ва минбаъд бакалавриат оид ба ихтисос мешавад.

Водолатский дар ҳайати Русия таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатӣ охири ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон омада буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли ҷорӣ муовини вазири мариф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода изҳор дошта буд, ки то охири соли равон бунёди 5 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад.

“Айни замон корҳои муайян ба сомон расонида шуда, ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия сохтор ва шахсони масъул интихобу лоиҳаҳои ин мактабҳо таҳия мегарданд. Умедворем, ки то охири ҳамин сол корҳо оғоз мешаванд”, – гуфта буд муовини вазир ба рӯзноманигорон.

Дар навбати худ вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид дар ин робита изҳор дошт, ки барои бунёди 5 мактаб аллакай қитъаҳои замин ҷудо шудааст.

“Дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, Хуҷанду Душанбе ва Турсунзода қитъаҳои замин кайҳост, ки ҷудо шудааст. Ҷониби Русия ин қитъаҳоро аз назар гузаронида, интихоб кард. Дар Душанбе ин мактаб дар маҳаллаи Зарафшон сохта мешавад”, – гуфта буд ӯ.

Вазир ҳамчунин зикр карда буд, ки ҳар яки ин мактабҳо барои 1240 нафар ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо таҳҳизот ва озмоишгоҳҳои зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тибқи маълумот оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумӣ ба забони русӣ амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...