“Дирафши Коваёнӣ” дар ҷашнвораи Қазоқистон пирӯз шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Намоишномаи “Дирафши Коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов дар сеюмин Фестивали байнулмилалии театрҳои ба номи Жанат Хоҷиев соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар ин бора ба Asia-Plus коргардони ин намоишнома Нозим Меликов хабар дод. 

“Ин бори аввал нест, ки намоишҳои мо дар фестивалҳои театрӣ соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Ин рисолати мо – театриён аст, ки намоишро омода карда, ба тамошобин пешниҳод созем. Боиси ифтихор аст, ки “Дирафши Коваёнӣ” дар фестивали Қазоқистон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва бинандагон баҳои арзанда гирифта, “Беҳтарин намоиш” дониста шуд”, – афзуд ӯ.

Фестивали мазкур рӯзҳои 15-19 октябр дар Театри мусиқию драмавии шаҳри Жезказгани Қазоқистон доир гардид. Он ба поси хотири арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон Жанат Ҳоҷиев бахшида шудааст.

Дар ин фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Намоиши «Дирафши ковиёнӣ» аз рӯйи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Нозим Меликов рӯйи саҳна омадааст.

“Миннатдории худро ба Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон барои дастгириашон мерасонам, ки сафари ҳунармандони моро ба фестивали Қазоқистон маблағгузорӣ карданд. Инчунин ба Вазорати фарҳанги ҶТ барои иҷозатнома изҳори сипос мекунам”, – гуфт коргардон.

Ёдовар мешавем, ки “Дирафши коваёнӣ” дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” соҳиби шоҳҷоиза гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...