Додрас барои ҳалли парванда $4000 талаб кардааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ судяи Суди ноҳияи Синои пойтахтро аснои порагирӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, рӯзи 17-уми октябр шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ муроҷиат кардааст, ки нисбат ба судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад. Номбурда барои ба манфиати ӯ ҳалли баҳси гражданӣ аз рӯйи даъвои шаҳрванд “Б” вобаста ба манзили истиқоматӣ 13-уми марти соли ҷорӣ 2000 доллари ИМА талаб карда гирифта, айни замон боз ҳамин қадар маблағи дигар талаб кардааст.

Дар ҳамин асос худи ҳамон рӯз нисбат ба Рухшона Раҳмонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (Қаллобӣ ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ судя баъд аз гирифтани маблағи 2000 доллари ИМА аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Айни замон тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...