Корманди милитсия ҷавонзанро аз худкушӣ наҷот дод

Старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода як ҷавонзани 22-соларо аз дарёи Сир берун овардааст. Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 1-уми ноябр, тахминан соати 10 сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қ.Л. худро бо мақсади худкушӣ аз болои кӯпруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба дарёри Сир партофтааст. Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода як ҷавонзани 22-соларо аз дарёи Сир берун овардааст.

Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 1-уми ноябр, тахминан соати 10 сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қ.Л. худро бо мақсади худкушӣ аз болои кӯпруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба дарёри Сир партофтааст. Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, худро ба об андохта, ин заро дар рӯ ба рӯйи меҳмонхонаи “Суғдиён” (собиқ меҳмонхонаи Ленинобод) наҷот дод.

Ин амали саривақтӣ боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломатӣ ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.

Старшинаи милитсия Ҷобир Одиназода 31 сол дорад. Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориашро аз моҳи декабри соли 2010 аз ХД “Муҳофиза”-и ШВКД дар шаҳри Гулистон оғоз карда, айни ҳол дар ШВКД-и шаҳри Хуҷанд давом медиҳад. Маълумоташ олии ҳуқуқуқшиносӣ.

Барои ғайрату матонат Одиназода Ҷобир Латиф бо “Медали далерӣ” аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.