Кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи муқаррарии адои хизмат гузаронида шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки субҳи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба адои хизмат даъват гардиданд, охири рӯз ба реҷаи муқаррарии фаъолият гузаронида шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, бо вуҷуди рӯзи иду истироҳат, тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба кор баромаданд.

Дар ҳамаи роҳҳо аз вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ба самти Душанбе постгоҳҳои назоратии кормандони мусаллаҳи сохторҳои қудратӣ гузошта шуданд. Дар постгоҳҳо мошинҳои равонаи пойтахт ба таври дақиқ тафтиш мешуданд.

Аммо қарибиҳои бегоҳи рӯзи 6-уми ноябр постгоҳҳои назоратӣ ва посбонони мусаллаҳ аз кӯчаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон баргирифта шуданд. Ба афсарони бо бонги хатар ҳозиршуда иҷоза доданд, ки ба хонаҳояшон раванд.

Ба иттилои манбаъ, аз субҳи 7-уми ноябр ҳамаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...