Роҳандозии ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Миср

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматтуллозода бо вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи Миср Мухаммад Шакур Ал-Маркабӣ масоили ҳамкориҳои энергетикии байни кишварҳоро баррасӣ кард.

Тавре дафтари матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи серӯзаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ дар Қоҳира баргузор шуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, истифодаи имконоту захираҳои мавҷудаи соҳа, ҷалби сармоя ва боздиду шиносоии мутахассисони соҳа аз объектҳои энергетикии ҳар ду ҷониб табодули назар карданд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Миср ҳамагӣ 502 ҳазор долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 50% афзудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...