Русия ба Тоҷикистон дармонгоҳи зудамали КАМАЗ медиҳад

Фардо, 29-уми ноябр дар Душанбе маросими расмии ба Тоҷикистон тақдим кардани кумаки ройгони Русия ба сифати дармонгоҳи зудамал дар заминаи автомашинаи КАМАЗ доир мешавад. Чорабинӣ дар доираи “Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирӣ, назорати ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) ва дигар бемориҳи сироятӣ” баргузор хоҳад шуд, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ […]

Asia-Plus

Фардо, 29-уми ноябр дар Душанбе маросими расмии ба Тоҷикистон тақдим кардани кумаки ройгони Русия ба сифати дармонгоҳи зудамал дар заминаи автомашинаи КАМАЗ доир мешавад.

Чорабинӣ дар доираи “Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирӣ, назорати ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) ва дигар бемориҳи сироятӣ” баргузор хоҳад шуд, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад.

Дар ин маросим иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва намояндаи ЮНЭЙДС дар Тоҷикистон М.Болтаева дар назар аст.

Ин барномаи Русия аз соли 2013 мавриди амал қарор дошта, то кунун беш аз 175 ҳазор нафар дар ин дармонгоҳҳои задамал аз муоина гузаштанд.

Ҳамчунин дар доираи амалисозии ин барномаи минтақавӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар занони ҳомиладор ва 350 ҳазор нафар муҳоҷирону аъзои оилаи онҳо аз муоинаи ВНМО ва гепатит гузашта, машваратҳои зарурӣ гирифтанд.

Аз ҳисоби маблағҳои Русия дар ҷумҳурӣ маркази маърифатии тиббӣ таъсис дода шуд, ки 1100 нафар дар онҳо таълим гирифта, 15 ҳуҷраи дӯстонаи тиббӣ амал мекунанд.

Барои амалисозии Барномаи минтақавии кумак дар солҳои 2019-2021 Русия 17,8 млн. доллар ва 300,4 млн. рубл ҷудо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.