Тоҷикистону Эрон зимни муомилот ба пулҳои миллӣ мегузаранд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистону Эрон дар бораи истифодаи пулҳои миллӣ барои савдои дуҷониба созиш ҳосил карданд. Ин қарордод бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дар шароити зери таҳримҳои амрикоӣ қарор доштани Эрон ба даст омадааст.

Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ бо ҳамтои точики худ Усмоналӣ Усмонзода дар Теҳрон изҳор доштааст, ки ҷонибҳо дар бораи минбаъд анҷом додани муомилоти молии байни ду кишвар бо асъори миллӣ ба тавофуқ расидаанд.

Ба гузориши PressTV, Ардакониён гуфтааст, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва энержии Эрону Тоҷикистон дар шароите сурат мепазирад, ки таҳримҳои ИМА боиси таваҷҷуҳи Эрон ба сармоягузорӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсоя шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории дар ҳоли рушд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши энержӣ амалан натиҷаи таҳримҳои ИМА мебошад.

Шояд, таъкид доштааст Ардакониён, агар таҳримҳо намебуданд, Эрон ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо ин кишварҳо чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекард.

Расонаҳои Эрон иттилоъ додаанд, ки Тоҷикистон дорои тақрибан 15% имконоти ҷаҳонии гидроэнергетикӣ буда, дар сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ба кумаки Эрон умедвор аст.

Ёдрас мекунем, Эрон дар ҷануби Тоҷикистон бо иқтидори 220 Мвт нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро сохтааст. Барои бунёди ин нерӯгоҳ 220 млн. доллар масраф шуда, 180 млн. доллар ҳиссаи Эрон ва 40 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ 51 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37% камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...