Ҳизби аграрӣ намояндагонашро дар парлумон зиёд карданист

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ният дорад, ки шумори намояндагони худро дар парлумони нави кишвар зиёд кунад. Интихоботи парлумонӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 дори мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲАТ, вакили даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Рустам Латифзода хабар дод, анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби аграрӣ рӯзи 20-уми декабр дар Душанбе баргузор мешавад. Дар анҷуман […]

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ният дорад, ки шумори намояндагони худро дар парлумони нави кишвар зиёд кунад. Интихоботи парлумонӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 дори мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲАТ, вакили даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Рустам Латифзода хабар дод, анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби аграрӣ рӯзи 20-уми декабр дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲАТ ба интихоботи парлумонӣ эълон шуда, ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии ҳизб тасдиқ хоҳад шуд.

“Мо ният дорем, ки на камтар аз 30 нафарро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кунем. Ҳизб ба интихобкунандагон итминон медиҳад, ки номзадҳои мо фарзандони шоистаи Тоҷикистон мебошанд”, – гуфт Латифзода.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуд. Дар даъвати кунунии палатаи поёнии парлумон ин ҳизб 5 намоянда дорад.

Қаблан хабар дода будем, ки рӯзи 15-уми декабр дар Душанбе анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби сотсиал-демократӣ таъин нашудааст.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.