Тоҷикистону Эрон зимни муомилот ба пулҳои миллӣ мегузаранд

Тоҷикистону Эрон дар бораи истифодаи пулҳои миллӣ барои савдои дуҷониба созиш ҳосил карданд. Ин қарордод бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дар шароити зери таҳримҳои амрикоӣ қарор доштани Эрон ба даст омадааст. Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ бо ҳамтои точики худ Усмоналӣ Усмонзода дар Теҳрон изҳор доштааст, ки ҷонибҳо дар бораи […]

Тоҷикистону Эрон дар бораи истифодаи пулҳои миллӣ барои савдои дуҷониба созиш ҳосил карданд. Ин қарордод бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дар шароити зери таҳримҳои амрикоӣ қарор доштани Эрон ба даст омадааст.

Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ бо ҳамтои точики худ Усмоналӣ Усмонзода дар Теҳрон изҳор доштааст, ки ҷонибҳо дар бораи минбаъд анҷом додани муомилоти молии байни ду кишвар бо асъори миллӣ ба тавофуқ расидаанд.

Ба гузориши PressTV, Ардакониён гуфтааст, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва энержии Эрону Тоҷикистон дар шароите сурат мепазирад, ки таҳримҳои ИМА боиси таваҷҷуҳи Эрон ба сармоягузорӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсоя шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории дар ҳоли рушд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши энержӣ амалан натиҷаи таҳримҳои ИМА мебошад.

Шояд, таъкид доштааст Ардакониён, агар таҳримҳо намебуданд, Эрон ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо ин кишварҳо чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекард.

Расонаҳои Эрон иттилоъ додаанд, ки Тоҷикистон дорои тақрибан 15% имконоти ҷаҳонии гидроэнергетикӣ буда, дар сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ба кумаки Эрон умедвор аст.

Ёдрас мекунем, Эрон дар ҷануби Тоҷикистон бо иқтидори 220 Мвт нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро сохтааст. Барои бунёди ин нерӯгоҳ 220 млн. доллар масраф шуда, 180 млн. доллар ҳиссаи Эрон ва 40 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ 51 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37% камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.