Дар Кӯлоб сайёҳи хориҷиро наҷот доданд

Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб як сайёҳи хориҷӣ аз марг раҳо ёфта, баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар ин бора мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи мазкур Шералӣ Холматов иттилоъ дод. Ба иттилои мавсуф, 30 ноябр шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ви Неоҷунхуин ба беморхона интиқол ёфта, бистарӣ гардид. Сайёҳи хориҷӣ Ви Неоҷунхуин моҳи апрели […]

АМИТ "Ховар"

Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб як сайёҳи хориҷӣ аз марг раҳо ёфта, баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар ин бора мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи мазкур Шералӣ Холматов иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, 30 ноябр шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ви Неоҷунхуин ба беморхона интиқол ёфта, бистарӣ гардид. Сайёҳи хориҷӣ Ви Неоҷунхуин моҳи апрели соли равон бо дучарха ба саёҳат баромада, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Яхчипуни Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Ш.Шоҳин бинобар сабабе, ки дучархааш нуқсони техникӣ доштааст, афтида, аз қисмати косахонаи сар осеби вазнин дидааст.

Сайёҳи хориҷӣ нуҷумшинос ва физик буда, ҳангоми аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба самти Душанбе ҳаракат кардан ба ин садама дучор шудааст.

Айни замон бемор дар ҳолати беҳушӣ (комаи 1) ва бо гузариш ба комаи 2 қарор дорад. Ҷарроҳӣ 4 соату 10 дақиқа давом карда, он аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ — мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Шералӣ Холматов, ҷарроҳи асаб Одилҷон Шерматов ва номзади илми тиб Самад Ҳусайнов анҷом дода шудааст.

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии минтақавӣ ва беморхонаи вилоятӣ бемор бо хӯрок ва дорувории ройгон таъмин карда мешавад. Айни замон бемор зери назорати қатъии духтурон қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.