Низоми “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои интиқоли пул ба Тоҷикистон кам кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

“Юнистрим” ба хотири дастрас будани хизматгузорӣ фоизашро барои интиқоли пул ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти низоми интиқоли маблағ хабар доданд.

Тарифҳои имтиёзнок (промо-тариф) аз имрӯз, 6-уми декабр амал карда, то 15 январи соли 2020 идома меёбанд.

“Дар ин давра дар замимаи мобилӣ ҳаққи хизматрасонӣ дар ҳаҷми 0.99% (пештар – 1,5%) муқаррар мешавад. Дар бонкҳои шарики низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол 0.95% ва дар шабакаҳои чакана 1.5%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҳадди ақалли ҳаҷми ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол дар шабакаи худӣ ду баробар – аз 100 рубл то 50 рубл барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубл кам мешавад”, – иттилоъ доданд дар хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли пул бе кушодани суратҳисоб ба фаъолият оғоз кард.

Айни замон танҳо низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” ҳамгироӣ бо ин Марказро пурра ба итмом расонида, тариқи ин низомҳо шаҳрвандон бемонеа метавонанд амалиёти интиқоли маблағро анҷом диҳанд. Пайвастшавии низоми интиқоли пули “Вестерн Юнион” ба Марказ дар назар буда, доир ба пайвастшавии дигар низомҳо, аз ҷумла, “Золотая корона” алҳол хабар дода намешавад.

Дар бораи чӣ гуна имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристодан, то ки наздиконатон онро бе душворӣ гиранд, бо ин суроға маълумот дарёфт карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...