БМТ муҳим будани пулҳои муҳоҷиронро барои иқтисоди кишвар эътироф кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) роҳандозии назорат ба бозори 2,5 млрд. долларии интиқоли пулро бо пешгирии зарбаи имконпазири ҷиддӣ ба иқтисоди кишвар асоснок мекунад. Дар шарҳи Бонки миллӣ оид ба зарурати таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо як мисоли оддӣ оварда шудааст. “Соли 2014 ду оператори низоми пардохт “Мигом” ва “Лидер” муфлис шуданд. Онҳо […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) роҳандозии назорат ба бозори 2,5 млрд. долларии интиқоли пулро бо пешгирии зарбаи имконпазири ҷиддӣ ба иқтисоди кишвар асоснок мекунад.

Дар шарҳи Бонки миллӣ оид ба зарурати таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо як мисоли оддӣ оварда шудааст.

“Соли 2014 ду оператори низоми пардохт “Мигом” ва “Лидер” муфлис шуданд. Онҳо 1 млн. доллар ва беш аз 50 млн. рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои интиқол гирифта буданд. Баъди муфлисшавӣ ин маблағҳоро бонкҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худашон ба шаҳрвандон доданд, аммо “Мигом” ва “Лидер” ба бонкҳои кишвари мо қарзашонро напардохтанд. Ин зарар ба иқтисодиёти Тоҷикистон буд”, – омадааст дар шарҳи БМТ.

Гуфта мешавад, ҳоло бозори интиқоли маблағҳо (ба ҳисоби миёна дар солҳои 2018-2019) ҳудуди 2,5 миллиард долларро ташкил дода, ин маблағ асосан аз сӯйи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол меёбад.

“Қисмати бузурги ин маблағҳо – ҳудуди 80% (наздики 2 млрд. доллар) тавассути як низоми интиқолӣ – “Золотая корона” ворид мегардид. Худ тасаввур кунед, ки агар мабодо “Золотая корона” мисли “Мигом” ва “Лидер” муфлис шавад, чӣ иттифоқ меафтад? Дар чунин ҳолат он 2 млрд долларе, ки тавассути “Золотая корона” интиқол дода мешуд, муаллақ мемонд. Кӣ онро пардохт мекард? Агар бонкҳои Тоҷикистон пардохт ҳам мекарданд, боз иқтисодиёти кишвар зарар медид”, – қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки 2 миллиард доллар барои ширкатҳои бузург маблағи ночиз буда, аммо барои иқтисодиёти хурди Тоҷикистон як маблағи калон аст.

Қобили зикр аст, ки бисёре аз мақомоти давлатӣ ва мансабдорони сатҳҳои гуногун далели асосан аз ҷониби муҳоҷирон ба кишвар интиқол шудани пул ва дар ин замина саҳми онҳо дар рушди иқтисод ва беҳбуди вазъи некӯаҳволии мардумро нодида гирифта, гумон доранд, ки ин маблағҳо аз ҳисоби содироти хушкмева ворид мешавад.

Пас аз оғози кори Маркази миллии протссесингӣ аз 3-юми декабр пулро танҳо тариқи низомҳои пардохте, ки ба ин низом пайваст шудаанд, метавон фиристоду қабул кард. Айни замон чунин низомҳо дутоанд: “Юнистрим” ва “Контакт”.

Дар БМТ таъкид месозанд, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ин навоварии технологӣ дар низоми пардохтии кишвар мебошад, ки дар бахши бонкӣ амалӣ гардида, ҳаммонанди худро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.