Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба бинои нав мекӯчад

Бинои нав барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Бинои дафтари асосии кории ҳафтошёнаи муосир барои Агентии зиддифасод дар муддати 1,5 сол дар паҳлӯи бинои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ сохта шудааст. Маросими ба истифода […]

Бинои нав барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бинои дафтари асосии кории ҳафтошёнаи муосир барои Агентии зиддифасод дар муддати 1,5 сол дар паҳлӯи бинои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ сохта шудааст.

Маросими ба истифода додани бино рӯзи 17-уми декабр бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз расми ифтитоҳи бино раисҷумҳур бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрда, вазифаҳои нави онҳоро дар самти мубориза бо коррупсия баррасӣ мекунад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо фармони президент аввали соли 2007 таъсис дода шуд.

Кормандони дастгоҳи ҷумҳуриявии Агентӣ то ин дам дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр – собиқ бинои мактаби таҳсилоти умумӣ дар мавзеи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ҳамчунин пушти бинои Маркази ҷумҳуриявии ташхис фаъолият доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.