Наҷоти зани солманд ва духтари 10-сола дар Душанбе

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шабонарӯзи 23-юми декабр наҷотбахшон дар шаҳри Душанбе як зани 79-соларо аз хонаи дарбаста ва духтари 10-соларо аз лифти дармонда раҳониданд.

Шаҳрвандон ба раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд, ки дари як хона баставу соҳибонаш наметавонанд вориди он шаванд. Дар дохили он хона зани 79-сола танҳост. Кормандони наҷоти фаврӣ ба ҷойи ҳодиса, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рафта, бо истифода аз таҷҳизоти вижа дарро боз карданд ва пиразанро раҳониданд.

Ба иттилои КҲФ, ҳамчунин шоми дирӯз истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-2 ба навбатдори фаврии раёсати мазкур занг зада, аз мушкили ба сараш омада хабар дод. Вай гуфт, ки лифти бино маҳкам шуда, дар дохили он як духтари 10-сола мондааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дари лифтро кушода, шаҳрванди ноболиғро саломат ба волидонаш супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз сокинони биноҳои баландошёнаи кишвар хоҳиш кардааст, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб ноболиғон ва кӯдаконро танҳо ба лифт равон накунанд. Ҳодисаҳое зиёд шудаанд, ки лифтҳо дармонда, ба ҳолати руҳии наврасону кӯдакон таъсир кардаанд. Зеро дар вақт дармондани лифт чароғи он хомӯш мешавад ва торикии ваҳшатзо ба кӯдак беасар намемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...