Наҷоти зани солманд ва духтари 10-сола дар Душанбе

Шабонарӯзи 23-юми декабр наҷотбахшон дар шаҳри Душанбе як зани 79-соларо аз хонаи дарбаста ва духтари 10-соларо аз лифти дармонда раҳониданд. Шаҳрвандон ба раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд, ки дари як хона баставу соҳибонаш наметавонанд вориди он шаванд. Дар дохили он хона зани 79-сола танҳост. Кормандони наҷоти фаврӣ ба ҷойи […]

Шабонарӯзи 23-юми декабр наҷотбахшон дар шаҳри Душанбе як зани 79-соларо аз хонаи дарбаста ва духтари 10-соларо аз лифти дармонда раҳониданд.

Шаҳрвандон ба раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд, ки дари як хона баставу соҳибонаш наметавонанд вориди он шаванд. Дар дохили он хона зани 79-сола танҳост. Кормандони наҷоти фаврӣ ба ҷойи ҳодиса, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рафта, бо истифода аз таҷҳизоти вижа дарро боз карданд ва пиразанро раҳониданд.

Ба иттилои КҲФ, ҳамчунин шоми дирӯз истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-2 ба навбатдори фаврии раёсати мазкур занг зада, аз мушкили ба сараш омада хабар дод. Вай гуфт, ки лифти бино маҳкам шуда, дар дохили он як духтари 10-сола мондааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дари лифтро кушода, шаҳрванди ноболиғро саломат ба волидонаш супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз сокинони биноҳои баландошёнаи кишвар хоҳиш кардааст, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб ноболиғон ва кӯдаконро танҳо ба лифт равон накунанд. Ҳодисаҳое зиёд шудаанд, ки лифтҳо дармонда, ба ҳолати руҳии наврасону кӯдакон таъсир кардаанд. Зеро дар вақт дармондани лифт чароғи он хомӯш мешавад ва торикии ваҳшатзо ба кӯдак беасар намемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.