Дар куҷо аз ҳама баланд? Даҳгонаи арчаҳои баландтарини кишварҳои ИДМ

Портали сайёҳии ТурСтат раддабандии баландтарин арчаҳои асосии пойтахти кишварҳои ИДМ-ро дар Соли нави 2020 нашр кард. Баландтарин арчаи солинавӣ байни кишварҳои ИДМ дар Ашқобод гузошта шудааст – 40 метр. Он дар майдони назди маркази фарҳангию фароғатии "Älem" (олма) қомат афрохта, 15-уми декабри соли 2019 фурӯзон шуд. Дар зинаи дуюм пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван қарор дошта, баландии […]

Портали сайёҳии ТурСтат раддабандии баландтарин арчаҳои асосии пойтахти кишварҳои ИДМ-ро дар Соли нави 2020 нашр кард.

Баландтарин арчаи солинавӣ байни кишварҳои ИДМ дар Ашқобод гузошта шудааст – 40 метр. Он дар майдони назди маркази фарҳангию фароғатии "Älem" (олма) қомат афрохта, 15-уми декабри соли 2019 фурӯзон шуд.

Дар зинаи дуюм пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван қарор дошта, баландии арчаи солинавии он дар Майдони Ҷумҳурият ба 37 метр мерасад. Чароғҳои он 21-уми декабр фурӯзон шуданд.

Дар идома шаҳри Тошканд зикр мешавад, ки арчаи солинавии он дар кӯчаи Истиқлол, назди Китобхонаи миллии ба номи Навоӣ 36 метр баландӣ дошта, чароғҳои онро 10-уми декабр даргиронданд.

Арчаи солинавии Озарбойҷон бо баландии 34 метр дар майдони Азнефт дар шаҳри Боку қомат афрохтааст.

Баландии арчаи асосии Беларус дар майдони Октябри шаҳри Минск 30 метр буда, чароғҳояш 14-уми декабр фурӯзон шуд.

Пас аз Минск пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, ки арчаи солинавии он 29 метр баландӣ дошта, аз арчаи асосии солинавии Русия дар Майдони Сурхи Маскав (27 метр) баландтар аст.

Қобили зикр аст, ки арчаи асосии солинавии Русия ягона арчаи зинда дар пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ мебошад, ки дарахти он аз ҳавзаи Можайск бурида шуда, дар вазъи тантанавӣ 24-уми декабр чароғҳояш фурӯзон мешавад.

Арчаи солинавии Қирғизистон дар майдони “Ала-тоо”-и шаҳри Бишкек низ 27 метр баландӣ дошта, рӯзи 13-уми декабр чароғу бозичаҳояш фурӯзон шуданд.

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон арчаи солинавӣ дар қаламрави намоишгоҳи ЭКСПО-2017, дар назди гӯшаи "Нур Алем" гузошта шуда, 25 метр аст.

Арчаи пасттарин миёни кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Молдова – Кишинёв гузошта шуда, 20 метр аст. Он дар майдони Маҷлиси бузурги миллӣ қомат афрохта, 1-уми декабр ботантана фурӯзон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.