Деҳаи Мурғоби ВМКБ шаҳрак хоҳад шуд

Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи ҳамноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо он асоснок шудааст, ки солҳои охир дар он ҷо дафтарҳои кории муосир, меҳмонхонаҳо ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шудаанд. Масъалаи мазкур имрӯз дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, […]

Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи ҳамноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо он асоснок шудааст, ки солҳои охир дар он ҷо дафтарҳои кории муосир, меҳмонхонаҳо ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шудаанд.

Масъалаи мазкур имрӯз дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати панҷум баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ иттилоъ дод.

Дар иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ва «Дар бораи хазинадорӣ», ҳамчунин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор кодексу қонунҳо баррасӣ мешаванд.

Ба ҷуз ин, аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд ва масоили дигар мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ қарор мегиранд.

Дар робита раиси Маҷлиси миллӣ ба кумитаҳо ва дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дастур дода буд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута таҳлили воқеии санадҳои қонунгузории то давраи соҳибихтиёрии кишвар қабулгардидаро ба роҳ монда, ҳамзамон оид ба таҳияи имтиёзҳо барои рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодҳои асоснок ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ ирсол кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.