Қувваозмоии чемпионҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дастаи чемпиони Лигаи олии футболи Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе бозии хотимавии омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020-ро бо тими “Локомотив”-и Тошканд дар шаҳри Гулистон баргузор мекунад. Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, имрӯз, 6-уми январ футболбозони дастаи “Истиқлол” ба Гулистон мераванд. Зимни машқҳои омодагии дуҳафтаина дар вилояти Суғд […]

Asia-Plus

Дастаи чемпиони Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии хотимавии омодагӣ ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020-ро бо тими “Локомотив”-и Тошканд дар шаҳри Гулистон баргузор мекунад.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, имрӯз, 6-уми январ футболбозони дастаи “Истиқлол” ба Гулистон мераванд. Зимни машқҳои омодагии дуҳафтаина дар вилояти Суғд футболбозон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон иқомат хоҳанд кард.

Дар ин марҳилаи тамринҳо тими “Истиқлол” бо ду дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон – “Қӯқанд-1912” (9-уми январ) ва чемпиони Ӯзбекистон – “Пахтакор”-и Тошканд” (13-уми январ) бозиҳои санҷишӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Ӯзбекистон – “Локомотив”-и Тошканд 21-уми январ дар Тошканд доир мегардад. Ин даври марҳилаи интихобӣ аз як бозӣ иборат аст.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 ба тими “Истиқлол” зарур аст, ки дастаи “Локомотив”-ро мағлуб сохта, дар давраи плей-офф бар дастаи “Ал-Аҳлӣ” аз Арабистони Саудӣ дастболо шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.