Пешбарии вазири адлия ба вакилии парлумон

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзадии вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмуродро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, вазир барои соҳиб шудан ба курсии вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Қаблан ба рӯйхати номзадҳо аз ҲХДТ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзадии вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмуродро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, вазир барои соҳиб шудан ба курсии вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Қаблан ба рӯйхати номзадҳо аз ҲХДТ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода ва муовини ӯ Зулфия Давлатзода шомил гардида буданд.

Дар сурати вакил интихоб шудани номзадҳои номбурда, ба вазифаи ишғолкардаи онҳо шахсони дигар таъин мешаванд.

Дар меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ба шахсоне, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб мешаванд, машғул шудан ба фаъолият дар дигар соҳаҳо (ба ҷуз эҷодӣ ва илмӣ) манъ аст. Бо назардошти ин метавон гуфт, ки пас аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда дар ҳукумати кишвар ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.

Ҳуқуқшиноси касбӣ Рустам Шоҳмурод 3-юми майи соли 1965 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Номзади илми ҳуқуқ мебошад. Дар мақомоти прокуратура ва Вазорати адлияи кишвар фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то 2012 ба ҳайси муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ифои вазифа кардааст.

Ӯ дар давоми 8 соли охир – аз 5-уми январи соли 2012 то кунун ба ҳайси вазири адлияи ҶТ кор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.