Эрон аз созиши ҳастаӣ комилан хориҷ шуд

Эрон эълом дошт, аз созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 байни ҳукумати ин кишвар ва шаш давлати миёнарав имзо шуда буд, комилан хориҷ мешавад. Дар ин бора хабаргузории Медуза иттилоъ медиҳад. Шабакаи телевизиони давлатии ин кишвар хабар дод, Эрон дигар ҳеҷ гуна маҳдудиятро, ки мувофиқи созиши ҳастаӣ ҳосил шуда буд, риоя намекунад. Гуфта мешавад, пас аз […]

Asia-Plus

Эрон эълом дошт, аз созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 байни ҳукумати ин кишвар ва шаш давлати миёнарав имзо шуда буд, комилан хориҷ мешавад. Дар ин бора хабаргузории Медуза иттилоъ медиҳад.

Шабакаи телевизиони давлатии ин кишвар хабар дод, Эрон дигар ҳеҷ гуна маҳдудиятро, ки мувофиқи созиши ҳастаӣ ҳосил шуда буд, риоя намекунад.

Гуфта мешавад, пас аз куштори фармондеҳи баландпояи Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ бо фармони президенти ИМА Доналд Трамп чунин тасмим гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки баъди моҳи майи соли 2018 аз созишнома ба таври якҷониба хориҷ шудани ИМА, то ин замон Эрон тадриҷан аз шартҳои созиши ҳастаӣ даст мекашид.

Дигар кишварҳое, ки созишномаи мазкурро ба имзо расонида буданд, ба нигаҳдорӣ ва иҷрои он исрор меварзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.