Садамаи автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тюмен

Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди вилояти Тюмен автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба автомашинаи боркаш бархӯрд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаши Isuzu имрӯз дар километри 266-уми роҳи автомобилгарди федералии Тюмен-Ханти-Мансийск дар ноҳияи Тоболи вилояти Тюмен рух додааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, дар автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Сургут мерафтааст, 7 нафар мусофирон осеб дидаанд. Бар асари ин садама ронанда ва мусофири Isuzu ҳалок шуда, айни замон шахсияти онҳо муайян карда мешавад”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи хадамоти таъҷилии минтақа ба РИА Новости хабар додааст, ки ҳамаи мусофирони автобуси ба садама дучоршуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

“Бино ба маълумоти саҳеҳшуда, дар автобус ҳамагӣ 45 нафар, аз ҷумла, 5 кӯдак сафар доштаанд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд” , – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

РЕН. ТВ дар бораи 7 нафар ҳалокшудагон хабар медиҳад.

"Шумори фавтидагони садамаи бархӯрди автобус бо мошини боркаш ба 7 нафар расид. Тавре қаблан зикр гардида буд, бар асари ин садама 2 нафар ҳалок шуда, маҷруҳон ба бемористон мунтақил шуданд”, – иттлоъ медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Сабаби рух додани садама мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин садама 5 шаҳрванди Тоҷикистон буданд, ки аз миёни онҳо 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштаанд, ки дар робита ба ин ҳодисаи нохуш бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Русия дар тамос ҳастанд ва тозатарин маълумотро дастрас мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...