Коршинос: дар мухолифати Эрону ИМА саҳнаи амалиёти низомӣ Ироқ мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пас аз маросими видоъ бо генерал Қосим Сулаймонӣ, ки аз ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Ироқ кушта шуд, метавон мухолифати шадиди Эрон ва ИМА-ро дар ҷойи фоҷиа интизор дошт.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” роҳбари Иттиҳодияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки парлумони Ироқ бо афзалияти вакилони шиамазҳаб аллакай дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо эътилофи байнулмилалӣ таҳти сарварии ИМА овоз дод.

“Ба истилоҳи дигар, нерӯҳои низомии амрикоӣ заминаи байнулмилалии ҳуқуқии ҳузури худро дар Ироқ аз даст доданд, аз ин рӯ, ин кишвар ба макони муқовимати шадид байни Эрону ИМА табдил меёбад”, – таъкид дошт Мамадазимов.

Коршиноси тоҷик тахмин мезанад, ки ояндаи наздик Ироқ ба “саҳнаи амалиёти низомӣ байни нерӯҳои зудамали амрикоӣ ва гурӯҳҳои низомии шиамазҳаби эронӣ” табдил ёфта метавонад.

Ба ақидаи ӯ, агар Исроил ҳам ба ин ихтилофи шадид ҳамроҳ шавад, “пас саҳнаи муқовимати бевосита ба тамоми Ховари Миёна густариш ёфта, Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон ва ҳатто Афғонистонро фаро мегирад”.

“Пешгӯйии пайомадҳо дар ин ҳолат душвор аст, зеро ҷанги ғайримустақим (гибридӣ) ба дигар минтақаҳо, аз ҷумла, Аврупои тинҷу осоишта ҳам интиқол ёфта метавонад, ки дар он ҷо сафоратхонаҳои амрикоӣ ва дигар муассисаҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифта метавонанд”, – афзуд Мамадазимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...