КМИР: дар интихобот беш аз 500 нозири байнулмилалӣ иштирок мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистон бо дархости ба Душанбе фиристодани нозирон ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и ҷараёни интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда расман ба давлатҳо, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА муроҷиат кард.

Мувофиқи пешгӯии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, барои пайгирии ҷараёни баргузории интихобот беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ба ҷумҳурӣ меоянд.

“Аз рӯзҳои аввали соли нав КМИР тариқи ВКХ Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот ба Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА ва чанде аз кишварҳо даъватнома фиристод”, – гуфтанд дар КМИР ҶТ.

Ғайр аз ин, рафти интихобот ба парлумони ҷумҳуриро ҳамчунин наздики 1000 нафар нозирони маҳаллӣ назорат мекунанд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, соли 2015 дар интихоботи парлумонӣ 525 нафар нозирон, аз ҷумла 175 нафар аз кишварҳои ИДМ, 35 нафар – аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, 167 нафар – аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА иштирок доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...