Маросими дафни Сулаймонӣ аз сабаби фавти 40 кас дар издиҳоми ҷамъшуда ба таъхир афтод

Маросими дафни генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон пас аз фавти одамон дар издиҳоми зиёди ҷамъшуда ба таъхир афтод. Дар ин бора хабаргузории ISNA ва бо истинод ба он Медуза хабар медиҳад. Гуфта мешавад, шумори фавтидагон замони нашри матлаб то ба 40 нафар расида, зиёда аз 200 кас осеб дидаанд. Ба иттилои манбаъ, маросими […]

Маросими дафни генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон пас аз фавти одамон дар издиҳоми зиёди ҷамъшуда ба таъхир афтод. Дар ин бора хабаргузории ISNA ва бо истинод ба он Медуза хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шумори фавтидагон замони нашри матлаб то ба 40 нафар расида, зиёда аз 200 кас осеб дидаанд.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бинобар сабаби ҷамъшавии миллионҳо нафар дар зодгоҳи генерал мавқуф гузошта шудааст. Аҳолии шаҳри Кирмон наздики 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки даҳҳо нафар аз издиҳом ба замин афтода, зери пойи дигар иштирокчиёни маросими видоъ мондаанд.

Замони нави маросими ба хок супурдани генерал эълон нашудааст.

Генерал Сулаймонӣ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА шаби 3-юми январ дар Бағдод кушта шуд. Фармон дар бораи ҳамларо шахсан президент Доналд Трамп додааст. Ироқ посух ба ҳамларо ваъда дода, ба хуруҷи нерӯҳои низомии ИМА аз минтақа изҳори омодагӣ кард. Эрон низ бо “интиқоми сахт” таҳдид кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ ваъда дод, ки ба ҳама гуна амалҳои таҳдидомез нисбат ба Вашингтон фавран вокуниш хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.