Зарбаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ

Эрон силсилаи дуюми зарбаҳои мушакиро ба иншооти ҳарбии ИМА дар Ироқ анҷом дод. Дар ин бора хабаргузории эронии Tasnim иттилоъ дода, акси партоби яке аз мушакҳоро нашр кардааст. Тавре Лента. ру менависад, ба кадом ҳадафҳо ин дафъа мушакҳо партоб шудаанд, алҳол номаълум аст. Маълумот дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо айни замон дастрас нест. Сабти видеои […]

Эрон силсилаи дуюми зарбаҳои мушакиро ба иншооти ҳарбии ИМА дар Ироқ анҷом дод. Дар ин бора хабаргузории эронии Tasnim иттилоъ дода, акси партоби яке аз мушакҳоро нашр кардааст.

Тавре Лента. ру менависад, ба кадом ҳадафҳо ин дафъа мушакҳо партоб шудаанд, алҳол номаълум аст.

Маълумот дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо айни замон дастрас нест. Сабти видеои зарбаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии авиатсионии ИМА дар twitter-аккаунти шабакаи телевизионии эронии Press TV гузошта шудааст.

Вазорати дифои ИМА зарбаҳои мушкиро ба ду иншоот дар қаламрави Ироқ, ки низомиёни армикоӣ аз он истифода мекунанд, тасдиқ кардааст. Ин пойгоҳи низомии авиатсионии Айн-ул-Асад дар ғарби кишвар ва фурудгоҳ дар Арбил мебошанд. Зимни ҳамла мушакҳои баллистикӣ ба кор бурда шудааст.

Бино ба маълумоти Sky News Arabia, ба пойгоҳи низомии ҳавоии ИМА, ки дар он хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ мустақаранд, 9 мушак партоб шудааст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Ба иттилои Эхо Москвы, аз ин зарба раҳбарияти ИМА огоҳ шуда, Трамп ваъда додааст, ки субҳи 8-уми январ доир ба масоили Эрон изҳори назар мекунад.

“Ҳамааш хуб аст! Мушакҳо аз Эрон ба ду пойгоҳи низомии мустақар дар Ироқ партоб шуданд. Айни замон талафоту зарар арзёбӣ мешавад”, – навиштааст Трамп дар Твиттер.

“Бешубҳа, дар ҳама гуна нуқтаи ҷаҳон низомиёни мо пуриқтидортарин ва муҷаҳҳазтаринанд”, – илова кардааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.