Садамаи ҳавопаймои Украина бо 180 мусофир дар Эрон

Ҳавопаймои тамғаи Боинг-737-и Украина бо 180 мусофир дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Имом Ҳумайнӣ дар Теҳрон дучори садама шуд. Дар ин бора хабаргузории Tasnim ва бо истинод ба он РИА Новости хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ҳавопаймо аз сабаби “мушкили техникӣ” ба садама дучор шудааст. Ҳавопаймо аз Теҳрон ба самти Киев парвоз мекард. Аз дигар ҷузъиёти ин […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои тамғаи Боинг-737-и Украина бо 180 мусофир дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Имом Ҳумайнӣ дар Теҳрон дучори садама шуд. Дар ин бора хабаргузории Tasnim ва бо истинод ба он РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо аз сабаби “мушкили техникӣ” ба садама дучор шудааст. Ҳавопаймо аз Теҳрон ба самти Киев парвоз мекард.

Аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дода намешавад.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, маълумот дар бораи ин ҳодисаро роҳбари фурудгоҳ тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки аз парвози ҳавопаймо дере нагузашта, ин ҳодиса рух додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.