Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Имрӯз дар шаҳри Душанбе автобуси нави мусофирбари №20 ба равуо шурӯъ мекунад. Нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Пахтакор – собиқ мағозаи «Волга»  (ДОК) таъин шудааст. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.6953 сомонӣ; 1 евро […]

АНОНС

– Имрӯз дар шаҳри Душанбе автобуси нави мусофирбари №20 ба равуо шурӯъ мекунад. Нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Пахтакор – собиқ мағозаи «Волга»  (ДОК) таъин шудааст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6953 сомонӣ;

1 евро – 10.8297 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1555 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

 1656 – Интишори шумораи нахустини яке аз нашрияҳои дар имрӯз қадимтарини газетаи «Oprechte Haartemsche Courant» дар шаҳри Харлеми Ҳолланд. 

1915 – Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов – нахустин тоҷике, ки нақши В.И. Ленинро офаридааст.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

169 сол пеш мутахассиси соҳаи физика Жан Фуко ба туфайли дастгоҳи сохтааш далел ба даст овард, ки Замин чарх мезанад.

63 сол пеш Бобби Фишер дар синни 13-солагӣ ба гирифтани унвони чемпиони ИМА оид ба шоҳмот ноил гардид.

Бо суроғаи зерин дар бораи чаро дар Тоҷикистон мавҷуд будани ҳамагӣ як гроссмейстери шоҳмот – Фаррух Амонатов маълумоти муафассал дарёфт карда метавонед. Қаблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ дар бораи чӣ чораҳо андешидан барои таблиғи шоҳмот дар Тоҷикистон изҳори назар кард.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 29-34° хунук, рӯзона 9-14° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-12° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар баъзан ҳолатҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 8+10° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10-12° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.