Дидори вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Департаменти давлатии ИМА

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини якуми ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллсро, ки аз кишвари мо боздид мекунад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини якуми ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллсро, ки аз кишвари мо боздид мекунад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, дар соҳаи амният табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус, терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.