Соли 2020 кор ба муҳоҷирон дар кадом соҳаҳои Русия манъ мешавад?

Ҳиссаи муҳоҷирон, ки дар соҳаҳои сохтмон, бахши кишоварзӣ, савдо ва нақлиёт кор мекарданд, имсол кам мешавад. Дар ин бора Российская газета хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, ба муҳоҷирон кор дар иншооти муваққатии савдо ва бозорҳо, дорухонаҳо, тиҷорати берун аз мағоза, хайма ва бозорҳо манъ шудааст. Барои савдои машрубот ва тамоку дар мағозаҳои махсус ба муҳоҷирон иҷоза […]

Ҳиссаи муҳоҷирон, ки дар соҳаҳои сохтмон, бахши кишоварзӣ, савдо ва нақлиёт кор мекарданд, имсол кам мешавад. Дар ин бора Российская газета хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ, ба муҳоҷирон кор дар иншооти муваққатии савдо ва бозорҳо, дорухонаҳо, тиҷорати берун аз мағоза, хайма ва бозорҳо манъ шудааст.

Барои савдои машрубот ва тамоку дар мағозаҳои махсус ба муҳоҷирон иҷоза шуда, лекин маҳдудиятҳо ҷой доранд: шумори онҳо набояд бештар аз 15% аз теъдоди умумии кормандони ташкилот бошад.

Дар “фаъолияти соҳаи варзиш” ҳиссаи муҳоҷирон набояд бештар аз 25% ва қариб ҳамин миқдор – 26% дар корхонаҳои нақлиёти заминии мусофирбар ва автомобилии боркаш пешбинӣ шудааст.

Дар бахши сохтмон ва парвариши сабзавот низ барои кори шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.

Ҳамин тавр, дар сохтмон ҳиссаи иҷозашудаи муҳоҷирон – 80% (ба истиснои Бурятия, вилояти Амур ва Маскав, ки барои кирои муҳоҷирон дар ин ҷойҳо маҳдудият вуҷуд надорад) ва дар Доғистон – 50% муқаррар шудааст.

Корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ барои парвариши сабзавот то 50% аз шумори умумии кормандон хориҷиёнро киро карда метавонанд.

Ҳамчунин имсол квота барои ҷалби “муҳоҷирони дорои раводид” кам шудааст. Онҳоро бо шумори на бештар аз 104 ҳазор нафар метавон барои кор ба Русия даъват кард. Соли гузашта квота 40 ҳазор адад бештар буд.

Ёдрас мекунем, ки муҳоҷирони бераводид бидуни квота ба Русия ба кор мераванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.