Сокини ноҳияи Рашт зери тарма ҳалок шуд

Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ,  нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинги ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт бо кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма сарозер шуда, ӯ дар зери он мондааст. Гуфта мешавад, вақте ӯро аз зери ғарами барф […]

Asia-Plus

Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ,  нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинги ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт бо кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма сарозер шуда, ӯ дар зери он мондааст.

Гуфта мешавад, вақте ӯро аз зери ғарами барф берун овардаанд, зинда будааст, вале ҳангоми интиқол ба бемористони ҷамоати деҳоти Ҳоит ба ҳалокат расидааст.

Ин аввалин қурбонии тарма дар соли 2020 аст. Чанд рӯз қабл дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наҷотбахшони Кумита якҷо бо намояндагони IRS се корманди зери ғарами барф мондаи ин ширкатро бе ягон осеб берун оварда буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.