Ҷасади генерал Сулаймонӣ ба хок супурда шуд

Ҷасади фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ дар зодгоҳаш – шаҳри Кирмон ба хок супурда шуд. Дар ин бора шабакаи телевизиони CNN хабар медиҳад. Ҷасади генерал баъди чанд соате пас аз зарбаҳои мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Ироқ гӯронида шуд. Тавре Медуза менависад, дафни ҷасади Сулаймонӣ рӯзи […]

Ҷасади фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Кирмон ба хок супурда шуд. Дар ин бора шабакаи телевизиони CNN хабар медиҳад.

Ҷасади генерал баъди чанд соате пас аз зарбаҳои мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Ироқ гӯронида шуд.

Тавре Медуза менависад, дафни ҷасади Сулаймонӣ рӯзи 7-уми январ пешбинӣ шуда буд, лекин маросими дафн пас аз фавти 56 нафар ва осеби 200 тан дар издиҳоми зиёди ҷамъшуда ба таъхир афтод.

Ба маросими дафн, ки хабаргузории Ruptly мустақиман гузориш дод, садҳо нафар ҳозир шуданд. Тибқи иттилои ISNA, ҳангоми ба хок супурдани ҷасади генерал нидоҳои “Марг ба Амрико!” садо доданд.

https://www.youtube.com/watch?v=X8GM2PgIRvA

Генерал Сулаймонӣ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА шаби 3-юми январ дар Бағдод кушта шуд. Фармони ҳамларо шахсан президент Доналд Трамп додааст. Ироқ посух ба ҳамларо ваъда дода, ба хуруҷи нерӯҳои низомии ИМА аз минтақа изҳори омодагӣ кард. Эрон низ бо “интиқоми сахт” таҳдид кард.

Дар посух ба ин куштор рӯзи 8-уми январ Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба якчанд иншооти низомиёни ИМА дар Ироқ, аз ҷумла пойгоҳи низомии авиатсионии Айн-ул-Асад дар ғарби кишвар ва фурудгоҳ дар Арбил ҳамлаи мушакӣ анҷом дод.

Баъдан телевизиони давлатии Эрон дар бораи 80 нафар низомиёни кушташудаи ИМА хабар дод. Қурбониёни ҳамларо дар гузориши телевизионӣ “террористони амрикоӣ” ном бурданд.

Дар Вазорати дифои ИМА ин маълумотро шарҳ надоданд, аммо қаблан ҳам дар бораи кушташудагон иттилоот нарасида буд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дода буд, ки ба ҳама гуна амалҳои таҳдидомез нисбат ба Вашингтон фавран вокуниш хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.