Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ шуд

Ташкилоти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахтро номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, конфронси ташкилоти ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфиро якдилона номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Муҳаммадраҳим […]

Ташкилоти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахтро номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, конфронси ташкилоти ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳаммадраҳим Юсуфиро якдилона номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

Муҳаммадраҳим Юсуфиии 60-сола зодаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, то таъин ба мансаби раиси ноҳияи Фирдавсӣ дар соли 2018, муддати се сол ба ҳайси раиси ҳамин ноҳия ифои вазифа кардааст. Маълумоти олии агрономӣ дорад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ мансаби раиси ноҳияи Фирдавсиро тарк мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.