Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ ва додгоҳӣ

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8-уми январ дар як қатор сохторҳои ҳукуматӣ ва судӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. 

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомаш озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси кумита таъин гардид.  Қурбонзода то ин замон иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак буд.

Инчунин муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Марҳабо Латифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз кор озод ва ба ҷойи ӯ Зулфия Давлатзода муовини аввали раиси кумита таъйин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Саъдӣ Ҳоҷизода бинобар риоя накардани қонун ҳангомии баррасии парвандаҳо ва судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Парвиз Сайдализода бо хоҳиши худ аз кор озод кард.

Ба ҷуз ин, Маликшо Неъматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид. Ӯ то ин замон дар вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ фаъолият дошт.

Қобили зикр аст, ки Идигул Қосимзода ба ҳайси номзад ба вакилии парлумон аз рӯйхати ҲХДТ пешбарӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...