The Telegraph ба сайёҳон соли 2020 сафар бо шоҳроҳи Помирро тавсия медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нашрияи бритониёии The Telegraph ба сайёҳон соли 2020 сафар бо шаш хатсайрро тавсия медиҳад, ки яке аз онҳо тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Муаллифони мавод хатсайри “Раллии Муғулистон”-ро, ки масофаааш 11 ҳазор километрро ташкил додаву аз Прага то Сибирро дар бар мегирад, ғайриоддитарин хатсайр номидаанд.

Ин хатсайр тариқи минтақаи ҷанубу шарқи Аврупо то Туркия ва Эрон гузашта, аз он ҷо тавассути Осиёи Марказӣ то Русия ва Муғулистон мерасад.

Сафар дар қаламрави Тоҷикистон бо шоҳроҳи Помир ҷараён мегирад, ки аз ҷониби муаллифони матлаб роҳи дурушту серсанг ва барои “шахсони асабашон қавӣ” номбар шудааст.

Гуфта мешавад, “дар тарафи дигари соҳил Афғонистон қарор дорад, аммо ҳаракат дар ин тараф амну бехатар аст”.

Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар хӯроки шомгоҳӣ тановули таъомҳо аз гӯшти аспу шутур ва қутос аз манфиат холӣ нест.

Дар мавод зикр мегардад, ки дар роҳи Помир хоҳу нохоҳ бо мошин мушкилот пайдо мешавад.

“Аммо вақте мошин вайрон мешавад, шумо аз муносибати дӯстонаву меҳрубонӣ ва чаққониву уҳдабароии устоҳо (механикҳо)-и маҳаллӣ ба ҳайрат меоед, ки ба як гунае метавонанд қариб ҳама чизро созу дуруст кунанд, ҳатто агар қисмҳои эҳтиётии зарурӣ надошта бошанд”, – гуфта мешавад дар мавод.

The Telegraph ҳамзамон бо Раллии Муғулистон соли равон ба сайёҳон тавсия медиҳад, ки бо роҳи Аляска (шоҳроҳи Аляска – Канада), Роҳи Ноободи Атлантика (Ирландия), «Анди Эпикӣ» (Амрикои Ҷанубӣ), аз Порис то Ривйера (Фаронса) ва Роҳи бузурги дарёӣ (паҳлӯи дарёи Миссисипи, ИМА) сафар кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...