The Telegraph ба сайёҳон соли 2020 сафар бо шоҳроҳи Помирро тавсия медиҳад

Нашрияи бритониёии The Telegraph ба сайёҳон соли 2020 сафар бо шаш хатсайрро тавсия медиҳад, ки яке аз онҳо тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Муаллифони мавод хатсайри “Раллии Муғулистон”-ро, ки масофаааш 11 ҳазор километрро ташкил додаву аз Прага то Сибирро дар бар мегирад, ғайриоддитарин хатсайр номидаанд. Ин хатсайр тариқи минтақаи ҷанубу шарқи Аврупо то Туркия ва Эрон […]

Нашрияи бритониёии The Telegraph ба сайёҳон соли 2020 сафар бо шаш хатсайрро тавсия медиҳад, ки яке аз онҳо тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Муаллифони мавод хатсайри “Раллии Муғулистон”-ро, ки масофаааш 11 ҳазор километрро ташкил додаву аз Прага то Сибирро дар бар мегирад, ғайриоддитарин хатсайр номидаанд.

Ин хатсайр тариқи минтақаи ҷанубу шарқи Аврупо то Туркия ва Эрон гузашта, аз он ҷо тавассути Осиёи Марказӣ то Русия ва Муғулистон мерасад.

Сафар дар қаламрави Тоҷикистон бо шоҳроҳи Помир ҷараён мегирад, ки аз ҷониби муаллифони матлаб роҳи дурушту серсанг ва барои “шахсони асабашон қавӣ” номбар шудааст.

Гуфта мешавад, “дар тарафи дигари соҳил Афғонистон қарор дорад, аммо ҳаракат дар ин тараф амну бехатар аст”.

Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар хӯроки шомгоҳӣ тановули таъомҳо аз гӯшти аспу шутур ва қутос аз манфиат холӣ нест.

Дар мавод зикр мегардад, ки дар роҳи Помир хоҳу нохоҳ бо мошин мушкилот пайдо мешавад.

“Аммо вақте мошин вайрон мешавад, шумо аз муносибати дӯстонаву меҳрубонӣ ва чаққониву уҳдабароии устоҳо (механикҳо)-и маҳаллӣ ба ҳайрат меоед, ки ба як гунае метавонанд қариб ҳама чизро созу дуруст кунанд, ҳатто агар қисмҳои эҳтиётии зарурӣ надошта бошанд”, – гуфта мешавад дар мавод.

The Telegraph ҳамзамон бо Раллии Муғулистон соли равон ба сайёҳон тавсия медиҳад, ки бо роҳи Аляска (шоҳроҳи Аляска – Канада), Роҳи Ноободи Атлантика (Ирландия), «Анди Эпикӣ» (Амрикои Ҷанубӣ), аз Порис то Ривйера (Фаронса) ва Роҳи бузурги дарёӣ (паҳлӯи дарёи Миссисипи, ИМА) сафар кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.