Минбаъд ҳамаи вакилон ба Конститутсия савганди садоқат ёд мекунанд

Аввали соли равон дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе шаҳр ва ноҳия” мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи онҳо минбаъд вакилони ҳамаи сатҳҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон […]

Аввали соли равон дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе шаҳр ва ноҳия” мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи онҳо минбаъд вакилони ҳамаи сатҳҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.

Қаблан ба Қонуни асосӣ танҳо президенти кишвар ва кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон савганд ёд мекарданд.

Маросими савгандёдкунии вакилони мардумӣ пас аз интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда баргузор мешавад.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон моҳи майи соли 2016, аъзои ҳар ду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.

Тибқи тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ки моҳи майи соли 2017 қабул шуд, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.