Русия меъёри ААИ-ро барои воридоти мева ду баробар поин бурд

Ҳукумати Русия бо қарори худ номгӯйи маҳсулоти ғизоиро, ки онро бо меъёри имтиёзноки пардохти андоз метавон ба қаламрави ин кишвар ворид намуд, зиёд кардааст. Барои воридоти маҳсулоти ба рӯйхат иловашуда ба ивази 20%-и пешина бо меъёри 10% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ситонида мешавад. Ба номгӯи маҳсулот мева ва буттамеваҳои зерин илова шудаанд: тарбузу харбуз, […]

Ҳукумати Русия бо қарори худ номгӯйи маҳсулоти ғизоиро, ки онро бо меъёри имтиёзноки пардохти андоз метавон ба қаламрави ин кишвар ворид намуд, зиёд кардааст.

Барои воридоти маҳсулоти ба рӯйхат иловашуда ба ивази 20%-и пешина бо меъёри 10% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ситонида мешавад.

Ба номгӯи маҳсулот мева ва буттамеваҳои зерин илова шудаанд: тарбузу харбуз, ангуру анҷир, себу нок, биҳӣ зардолу, олу ва гелос, шафтолу, меваҳои ситрусӣ ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 Тоҷикистону Русия протокол дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ ба сабзавоту меваро имзо карданд.

Санади мазкур ба таҳвили бемонеаи сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба Русия имкон фароҳам меорад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии беш аз 8,7 млн. доллар наздики 30 ҳазор тонна меваи тару тоза, зироатҳои ситрусӣ ва харбуза содирот шудааст.

Чунин маҳсулот аз ҷумҳурӣ асосан ба Русия ва Қазоқистон бароварда мешавад. Тайи солҳои охир ҳаҷми содироти гелос аз Тоҷикистон ба Чин меафзояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.