Аъзои ҳукумат ба ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисобот тайёр мекунанд

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки баргузориаш рӯзи 20-уми январ дар Душанбе дар назар аст, аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2019 натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли 2020 баррасӣ мешаванд. Дар кори ҷаласа ба масоили рафти амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Дар ин […]

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки баргузориаш рӯзи 20-уми январ дар Душанбе дар назар аст, аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2019 натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли 2020 баррасӣ мешаванд.

Дар кори ҷаласа ба масоили рафти амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Тибқи таҷрибаи маъмулӣ, аз рӯйи натиҷаҳои чунин ҷаласаҳо бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят ва шаҳру навоҳӣ тағйироти кадрӣ сурат мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 21-уми январ раисҷумҳур аз роҳбари ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” ва раиси БДА “Амонатбонк” дархост намуд, ки толорро тарк кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.